ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади иҷрои корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Баҳор”-и Ҷамоати деҳоти Ватан бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мулоқот баргузор намуданд.
Дар мулоқот баромадкунандагон аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иқтибосҳо оварда, қайд намуданд, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон бояд ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву ҳамаи маҳаллҳои аҳолинишин кӯшиш намояд.
Мо бояд ин ҷашни мубораки миллиамонро дар шароити аз имрӯза беҳтар бо дастовезҳои арзанда истиқбол намоем.