АНДЕША. Мамалакати мо дар остонаи гардиши куллӣ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ қарор дорад ва мардуми хирадпешаи тоҷик бо дарки амиқи мураккабии равандҳои таърихӣ ҳар қадами дар пешрафт гузоштаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро бо шукру сипос арзёби намуда, хайрандешона бовар доранд, ки бо талоши хастанопазир ва кушишҳои бошаҳомати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи тараққи додани иқтисодиёти мамлакат ба харҷ медиҳад, ҳатман дар ҳамин марҳилаи кӯтоҳтарин ба рӯзгори ободтар ва хуштар аз имрӯз мерасем.
Вазифаи муқаддаси мо ҳизбиён дар шароити имрӯза аз он иборат аст, ки дар тарғиби ғояҳои созандаи ҳизб, ки аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат машаъ мегирад ва мардуми мамлакатро ҳарчи бештар огоҳ намоем ва онҳоро ба самти роҳи саодат, ки онро Ҷаноби Олӣ барои мо чун қутбнамо муайян намудаанд, сафарбар намоем. Зеро сиёсати Пешвои муаззами миллат роҳбари азизу муътабари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ифодагари манфиатҳои миллӣ ва омили пешбурди ҳаёти ҷамъият аст.
Мо бояд ба таври огоҳона дарк намоем, ки ҳар шаҳрванде, новобаста аз ин ки дар чӣ мақому вазифа ва дар чӣ ташкилоту муассиса кор мекунад, дар назди ҷомеа ва Ватани худ масъул аст, ки барои рушди муносибатҳои навини иҷтимоӣ ва тарғибу ташвиқи гиромидошти арзишҳои ҷомеаи мутамаддин ва демократӣ ҳисса гузорад ва мардум дарк намоянд, ки ҲХДТ ҳақиқатан ғамхори мардум буда барои беҳбуди рӯзгорашон мутазам саҳмгузор мебошад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ростои истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардумро ба ободкорию рушди маҳалҳо сафарбар намуда, бо ин васила нуфузи худро дар байн мардум хеле мустаҳкам намуд.
Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мардум робитаи мустаҳкам дошта, ҳизби мардуми будани худро бори дигар нишон дода, дар ҳалли мушкилоти мардум саҳмгузор буда, робитаи мардумро бо мақомоти давлатӣ пайваст намудааст.
Боварии комил дорам, ки мардуми Тоҷикистон бо дарки амиқи масъулият барои фардои дурахшони кишварамон ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон овоз медиҳанд.
Пардаева Эътибор, Узви ҲХДТ, номзад ба вакилии Маҷлиси
вакилони халқи ноҳияи Носири Хусрав.