БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШОДАМ, КИ МАНРО БА АЪЗОГИИ ҲХДТ ҚАБУЛ НАМУДАНД

АНДЕША. Шомил шудан ба сафи ҲХДТ, ба ҳизбе,  ки   ба он Пешвои миллат сарварӣ мекунад, орзуи деринаи ман буд. Имрӯз шодию хурсандии манро ҳадду канор нест.  5 феврали соли 2020 ман ба орзуи деринаам расидам, Дар ин  рӯзи фаромӯшнашаванда   раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбиро ба ман супорид.

Шояд саволе пайдо шавад, ки чаро ман ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо гардидам?

Аъзои ҲХДТ будан  барои ман ва  ҳамсолонам мояи ифтихор ва сарбаландӣ аст. Зеро аъзогӣ ба ин ҳизб  худ далели ба сиёсати Пешвои миллат яктану якҷон будан аст. Дигараш ин ки аъзои ҲХДТ будан масъулияти ҷиддиро ба душ гирифтан аст. Пеш аз ҳама аз мо дониши баланд, бой гардонидани таҷрибаи корӣ тақозо карда мешавад. Аъзои ҲХДТ бояд аз ҷиҳати рафтор, гуфтор, зиндагии оилавӣ, иҷрои кору вазифаи ба зиммадошта, иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳурӣ, хулоса аз ҳар ҷиҳат аз дигарон бояд фарқ намояд. Намунаи дигарон бошад.

Дар татбиқи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Оиннома ва Барномаи ҲХДТ саҳми арзандаи худро гузорад. Обрӯ ва нуфузи ҲХДТ, ба ибораи Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳизби мардумӣ ва хизматгори халқро боз ҳам баланд бардорад.

Ман то ҷое метавонам мекӯшам, ки бо кору рафтор сазовори номи пуршарафи  аъзои ҲХДТ бошам. Агар тавонам, ки дар сафи ин ҳизб коре ё амали савоберо  барои Ватани азизам –Тоҷикистон ва мардуми он анҷом дода тавонам, худро хушбахту қаноатманд меҳисобам.

 

Насиба Маҳмадуллоева, таҷрибаомӯз, сокини  Ҷамоати деҳоти Ховалинги ноҳияи Ховалинг.      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg