АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон мунтазам саъю таллош карда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳони муаррифӣ намуда истодааст.
Барои ноил шудан ба мақсадҳои наҷиби Пешвои миллат ҳадафи чоруми стратегии кишвар ба хотири рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне саноаткунонии босуръати кишвар эълон карда шуд, ки кишвари мо ҳам мисли дигар давлатҳои пешрафта ба ҷои воридкунандаи молу маҳсулот ба давлати содиркунанда табдил ёбад.
Расидан ба ин мақсади бузург яъне рушди кишварамон аз мо низ сидқан кор ва фаъолият карданро талаб мекунад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ аз санаи 26.12.2019 оид ба боз ҳам хубтару бештар таълим додани фанҳои тибии, дақиқ ва риёзи дастур доданд, ки дар муассисаҳои таълимӣ ба ҳамин фанҳо ва таълими сифатнокиашон диққати ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Ман ҳамҷун Директори МТМУ №21 дар ҷамоати деҳоти Нури вахши ноҳияи Дӯстӣ аз нуқтаҳои муҳими Паёми имсолаи Пешвои миллатро барои худ дастуру супоришҳои роҳбари давлатро дастурамали кор ва фаъолияти тартиб дода, минбаъд барои иҷрои онҳо ҳама қувва, дониш ва маҳоратамро харҷ хоҳам кард.
Мо аҳли омӯзгорони Муассиса барои хоҷагии халқ дар оянда низ мутахассисони ихтирокору эҷодкорро тайёр мекунем, ки онҳо ба халқу ватани худ, аз сидқи дил хизмат карда, гӯлгӯлшукуфоии Ватани азизамонро таъмин кунанд.
Бекназаров Муҳиддин, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ аз ҳавзаи интихоботии №-27.