БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- татбиқкунандаи ормонҳои миллати тоҷик!

Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи  Кунгараи  ҷамоати деҳоти  Лангардара бо бошандагони деҳаи мазкур вохӯрӣ суръат гирифт. Дар ин вохӯрӣ муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Асақолов Алиҷон, Сармуҳаррири нашрияи “Овози халқ”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Қурбонова Латофат  ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сунатуллоева Мавзуна иштироки бевосита доштанд.

Вохӯриро муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асақолов Алиҷон  кушода зимни баромадашон  мавсуф вобаста ба мавзӯъҳоии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон андешарони намуд.

Баъдан мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сунатуллоева Мавзуна дар бораи  терроризму экстремизм, интиқоли ғайриқонунии маводи мухадир ва муборизаи муташаккил бар зидди чунин гуруҳҳои тундгаро ва зуҳуротҳои номатлуби ҷомеа таъкид доштанд.

Дар қисмати интиҳоии вохӯрӣ дар деҳаи мазкур ташкилоти ибтидоии “Кунгара” ташкил карда шуда якчанд нафар баҳри аъзошавӣ ба намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ариза пешниҳод намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg