ПАНҶ. Дар доираи Соли рушди бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи ҷадвали аз тарафи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ тасдиқгардида Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Панҷ дар ҳамаи маҳаллаҳои ноҳия субату мулоқот баргузор карда истодааст.
Ин навбат дар ташкилоти ибтидоии “Дарвоз” бо мардуми заҳматкаши ин маҳалла вохӯрӣ роҳандозӣ шуд. Мавзӯъҳое, ки мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ин татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти робитаи ҳизб бо маҳал буда, оиди ин мавзӯъҳо масъулони Кумитаи иҷроия баромадҳо намуданд. Масъулон зимни баромад оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ибрози андеша намуда, ҳамзамон бобати омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ андешаҳои худро баён карданд.