МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Шаҳринави мобайн»-и Ҷамоати деҳоти Деҳибаланд вохӯрӣ баргузор карданд.
Дар мулоқот масъулон атрофи Паёми Пешвои миллат суханронӣ намуда, мардумро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят сохтанд.
Дар идома вобаста ба маъракаҳои муҳими сиёсии пешазинтихоботӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ибрози назар намуда, ҳозиринро барои иштироки фаъолона дар онҳо, интихоби дурусту оқилона дар раванди интихобот даъват намуданд.