БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШИРКАТИ ҲАР ОВОЗДИҲАНДА ДАР ИНТИХОБОТ МУҲИМ АСТ!

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо мақсади тарғиби ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сокинони деҳаи Тутқавули Ҷамоати деҳоти Деҳибаланди ноҳия вохӯрӣ доир карданд.

Дар мулоқот Паёми навбатии Пешвои миллат шарҳу тавзеҳ дода шуда, сокинон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват гаштанд. 

Ҳамчунин дар идома атрофи маъракаҳои пешазинтихоботӣ ва Барномаи Пешазинтихоботии ҲХДТ ибрози назар намуда, муҳим будани ширкати ҳар як овоздиҳандаро дар интихобот  қайд доштанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg