МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори Госпитали ноҳияи Муъминобод бо аҳолӣ ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «А.Партоев»-и Ҷамоати шаҳраки Муъминобод вохӯрӣ доир карда шуд. Масъулини Кумитаи иҷроия вобаста ба Паёми навбатии Пешвои миллат, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ суханронӣ намуда, сокинонро ба иҷрои корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят карданд.
Роҳбарияти Ҷамоати шаҳрак дар хусуси маъракаҳои муҳими сиёсии пешазинтихоботӣ ибрози назар намуда, ҳозиринро даъват намуданд, ки дар интихобот фаъол бошанд.