ЛЕВАКАНТ. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нурафшон»-и шаҳри Левакант бо иштироки гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи ҳизб ва номзадҳои он дар интихоботи вакилони халқ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки шаффофу демократӣ баргузор гардидани интихобот аз ҳар шаҳрванди мамлакат вобастагӣ дорад. Ҳар раъйдиҳанда ҳуқуқ дорад як маротиба овоз диҳад.
Дар идома Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» омода шуда, муҳимтарин самтҳои рушди мамлакат дар панҷ соли ояндаро фарогир аст, ба мардум муаррифӣ гардида, бандҳои алоҳидаи он шарҳу тавзеҳ дода шуданд.