Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти «Шӯрообод» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ анҷом дода шуд.
Дар мулоқот масъулин дар бораи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, аз ҷумла дар бораи маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода -интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суботи сиёсӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро асоси иродаи озоди мардум дониста, барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғояи Истиқлолият ва озодиро таҳким бахшида, барои пойдории сулҳу Ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дар маҷмӯъ давлатдории миллӣ саъю талош менамояд.