Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо сокинону интихобкунандагони деҳаҳои Одинабой ва Пистамазори Ҷамоати деҳоти Саричашма вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ иштирок карда, аз Паёми навбатии Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ёдовар гашта, қайд намуданд, ки андешидани чораҳои заруриро дар соҳаи истифодабарии самараноки заминҳои корам ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав ва бекорхобида, зиёд намудани истеҳсоли меваҷот тавассути бунёди боғҳои интенсивӣ ва дигар усулҳои муосири боғу токпарвариро ҲХДТ ҷонибдорӣ намуда, баҳри амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда истодааст.