БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР МАҲАЛ ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  ташкилоти  ибтидоии  «Суғдиён»-и  деҳаи  Навободи  ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз  баҳри  баланд   бардоштани  масъулияти  шаҳрвандӣ  Аксияи  ҳизбӣ   таҳти   унвони «Якҷоя  ҳал  мекунем!» баргузор  гардид.

Дар чорабинӣ сокинон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар  ба ҳашари умумӣ баромада, дар як қатор корҳои ободонӣ саҳми арзандаи хешро гузошта, иброз доштанд, ки  дар оянда низ баҳри  пешрафтаву шукуфон шудани Ватани азизамон- Тоҷикистони соҳибистиқлол  дар корҳои созандагӣ  иштироки фаъолона менамоянд.

Сипас,  намояндагони ҳизбӣ дар  қисмати сиёсии чорабинӣ дар бораи Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  андешаронӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg