А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. дар ташкилотҳои ибтидоии “Тут” ва “Помир”-и ҳудуди Ҷамоати деҳоти “Калинин” - и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вохӯриҳои судманд баргузор гардид.
Зимни суҳбат масъулин қайд карданд, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон зикр намуданд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон ба сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт ҳамчун воситаи асосии саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда истодааст”.
Дар анҷоми чорабинӣ сокинони маҳаллаҳои дар болозикршуда ба интихоботи дарпешистода фаъолона ширкат варзидан даъват карда шуданд.