А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, расонидани нуктаҳои муҳимми Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, дар ташкилоти ибтидоии “Обшорон”-и Ҷамоати деҳоти Калинин суҳбату вохӯриҳо баргузор карданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин қайд карданд, Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон дар бораи китобхонаҳо чунин ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки “Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад”. Бояд гуфт, ки ин ҳама ғамхориҳои Сарвари давлатамон ба хотири маърифатнокии аҳли ҷомеа ва қобилияти сухандониву суханронии хонандагону донишҷӯён ва ба роҳи дурусти ҳаёт ҳидоят намудани онҳо ба ҳисоб меравад.