А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Лоҳутӣ»-и Ҷамоати деҳоти “Яккатут” ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъулин қайд намуданд, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд, ки “Ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад”.
Ҳамчунин лозим ба ёдоварист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ватани азизамон ба пешравиҳои бузурге ноил гашта истодааст. Аз он ҷумла дар соҳаи энергетика сохтани нурӯгоҳҳои барқию обии хурду бузург, таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва пулҳо бунёду таҷдид шуда истодаанд. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ватани азизамон дар гӯшаву канори ҷумҳуриамон корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома ёфта истодааст.