ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Мирсаид Миршакар» бо интихобкунандагон чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.
Зимнан масъулин дар рафти чорабинӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки дар Паёми навбатӣ Роҳбари давлат ба масъалаи занон, мақоми онҳо рӯ оварда, қайд намуданд, ки давлат нисбати занон ҳаматарафа ғамхорӣ намуда, ба он аҳамият медиҳад, то мақоми занон дар ҷамъият боз ҳам баландтар бардошта шавад. Пешвои миллат иброз доштанд, ки имрӯз занон баробари мардон дар ҳар як бахши истеҳсолот ва бахши иҷтимоӣ фаъолона меҳнат карда, саҳми худро дар пешрафту шукуфоии кишвар мегузоранд.