БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН ДАВЛАТАТ ПОЯНДА БОД!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Иттифоқ» бо интихобкунандагон  мулоқот баргузор гардид.

Зимнан масъулин дар рафти чорабинӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки имрӯз воқеаю ҳодисот, мушкилоти гуногун, хавфу хатарҳо, ҷангу мухолифатҳо боиси нигаронии ҷиддии аҳли ҷомеаи ҷаҳон гаштааст. Рӯзе нест, ки аз ин ё он давлат хабарҳои нохуш дар бобати қатлу куштор, таркиш, офатҳои табиӣ наояд. Ягон инсони бомаърифату хирадпеша нисбат ба ин мушкилот бетараф буда наметавонад. Мутаассифона, солҳои охир амалҳои даҳшатафканӣ, яъне терроризм зуҳур карда, ба ҷони одамон хатари ҷиддӣ эҷод кардааст. Бо вуҷуди он ки бар зидди терроризму ифротгароӣ муборизаҳо пурзӯр мегарданд, амалиёти террористӣ рӯ ба афзоиш дорад.Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд. Моро зарур аст, ки барои маърифатнок гардонидани насли наврасу ҷавон саъю талош намоем, онҳоро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят карда, дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиисонӣ тарбия созем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg