БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТУРАМАЛИ СОЗАНДАИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Вахш» бо интихобкунандагон  чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин дар рафти суханронӣ иброз доштанд, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳим, муайянкунанда ва батанзимдарорандаи дурнамои рушди устувору бомароми сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат буда, маърифаткунандаи сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол, нақшаи илман асоснокшудаи тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва мақсаду мароми давлату Ҳукумат, инчунин роҳҳои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, дар соли 2020 ва солҳои минбаъда маҳсуб меёбад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg