Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва номзадҳои он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳалли вакилони халқ дар ташкилоти ибтидоии “Бешкент -2”-и ноҳияи Носири Хусрав бо интихобкунандагон мулоқот баргузор гардид.
Масъулин дар суҳбат қайд намуданд, ки дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ вобаста ба таҳкими заминаҳои конститутсионии давлат ва ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва тақвияти пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ ҷумлаи ҳадафҳои асосии ҲХДТ ба шумор мераванд. Имрӯз ҲХДТ ба як нерӯи тавоно ва созандаи ҷомеа мансуб ёфта, ҳамчун қувваи пешбаранда ва пешоҳанги ҷомеаи кишварамон шинохта шудааст. Яке аз самти асосии фаъолияти ҳизб робита бо мардум мебошад, чунки ҳизби мо ҳизби мардумӣ буда, роҳнамои ҷомеа ба шумор меравад.