ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии “Ҷ. Абиёров”-и ҷамоати шаҳраки Обикиик ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, номзадҳои он хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар мулоқот масъулин дар назди ҳозирин баромад намуда, иброз доштанд, ки рӯзи 1-уми марти соли равон маъракаи муҳими сиёсӣ дар саросари ҷумҳурии азизамон - интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад. Иштирок ва овоздиҳии ҳар як овоздиҳанда дар рӯзи интихобот ҳатмӣ мебошад. Дар баробари ин оид ба бандҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои он шарҳ дода, аз ҷумла, қайд гардид, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар ҷомеа фаъолияти босамар дошта, таҳкими амнияту оромӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандонро аз ҳадафҳои олии худ медонад.