БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ПРИНСИПИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ АСТ

 ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар вохӯрии дар ташкилоти ибтидоии “Таги ҷар” бо иштироки аъзои гурӯҳи таблиғотӣ ва Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ гузаронида шуд,  ҳозирин аз баромади масъулин  дар бораи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025, номзадҳои он  ба вакилӣ  ва ҳамчунин Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти зарурӣ  пайдо намуданд.

Аъзои ташкилот баъди шунидани баромади масъулин оид ба ҳуқуқ ва вазифаҳои интихобкунанда, номзадҳои пешбаригардидаи ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ,  худпешбарӣ ба вакилӣ, рӯзи баргузории интихобот, ҳавзаҳои интихоботӣ ва дастуру супоришҳои дар Паёми Пешвои миллат баёнгардида суолҳо дода,  ҷавобҳои қаноатбахшкунанда гирифтанд. 

Сокинон дар охир изҳор доштанд, ки  дар интихобот ба ҷонибдории ҲХДТ ва номзадҳои он  овози худро медиҳанд. Зеро дар сиёсати созанда, бунёдкорона, сулҳдӯстона, инсонпарваронаю ятимпарваронаи  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025  ҳаёти пурсаодати худ ва рушди бемайлони Тоҷикистони азизро мебинанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg