БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ ҲХДТ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Маркази ташхиси бехатари озуқаворӣ”  вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баргузор гардид.

Зимни баромад масъулин қайд карданд, ки дар Паёми имсолаашон  Пешвои миллат  таъкид доштанд, ки масъулонро зарур  аст, барои беҳтар ва хубтар назорат кардани бехатарии озуқавории  истеҳсолкунандагони ватанӣ ва беҳтар  кардани сифати хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ иброз гардид, ки интихобот  ифодаи  олии бевоситаи  ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва  ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду  шаффоф баргузор намудани он  яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад. Барои ҲХДТ амнияти миллӣ стратегияе ба шумор меравад, ки ҷиҳати таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳими миллӣ равона гардидааст. Таассуби динию мазҳабӣ ва дигар равияву  мазҳабҳое, ки дар байни ҷомеа тафриқа меандозанд, ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ шинохта мешаванд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg