БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ДУРНАМОИ ЗИНДАГИИ НАСЛҲОИ ОЯНДАИ ХУДРО МУАЙЯН МЕНАМОЯД

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Зери ин мафҳум кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади фаъол гардонидани аҳолӣ дар интихоботи навбатии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки 1-уми марти соли 2020 баргузор мегардад, бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг”  мулоқот  баргузор  намуданд.

Дар ҷамъомад намояндагони ҳизбӣ зимни баромад қайд намуданд,  ки мо имрӯз дар арафаи  интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорем. Масъалаи масъулияти шаҳрвандии интихобкунандагонро бобати иштироки фаъолонаашон дар интихобот хеле мубрам мешуморем.

Шарҳвандони кишвари мо бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар ин интихобот ширкат карда, дар самти муайян намудани дурнамои инкишофи давлатдориамон бетарафиро ихтиёр накарда, иродаи худро ба ҷонибдории номзади арзанда ба таъбашон изҳор намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg