ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади тарғибу ташвиқи номзадҳои пешбарии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидои «Тоҷикон»-и деҳаи Ҳаёти нави Ҷамоати деҳоти Ғайрат мулоқот баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки шаҳрвандон барои қонеъ намудани талаботи худ аз воситаҳои гуногун истифода менамоянд. Яке аз чунин воситаҳои муҳим ва самарабахш интихобот аст. Вазифаи асосии интихобот дар ҷомеа ин намояндагӣ намудани манфиатҳои шаҳрвандон ва ҳимоя кардани онҳо мебошад. Интихобот воситае мегардад,ки шаҳрвандон манфиатҳои худро дар симои номзади арзанда ба манфиатҳои миллӣ ва умумӣ мавқеи худро дар интихоби вакилон муайян созанд. Бояд қайд кард, ки ин ҳолат боиси пешгирии низоъ ва бархӯрди манфиатҳои шахсии гурӯҳӣ дар ҷомеа мегардад. Таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳ аст, ки чунин вазифаи интихобот барои мавҷудияти минъбадаи давлату миллати мо хеле нақши бузург иҷро мекунад.