ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба мазмуну моҳияти ҳадафҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии “Себи сурх”-и Ҷамоати деҳоти Ватан вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар ҷамъомад масъулин дар назди ҳозирин баромад намуда, қайд карданд, ки иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар маъракаҳои интихоботӣ дар давлатҳое бештар ба назар мерасад, ки сокинони он аз сатҳи олии маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ бархӯрдоранд, яъне қонунгузории интихоботии кишвари худро хеле хуб медонанд, дар хусуси номзадҳо иттилои кофӣ ба даст меоранд, дарк менамоянд, ки ормонҳо ва ғояҳои сиёсиашон тавассути фаъолияти сиёсии кадом номзад ва ё ҳизби сиёсӣ татбиқ мегарданд ва дар ниҳоят раъйи худро ба ҷонибдории эшон изҳор медоранд.Шаҳрвандон ба воситаи интихобот дурнамои зиндагонии наслҳои ояндаи худро муайян мекунанд. Агар таъйиноти асосии инсон дар гузаштани насли солиму солеҳ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои онҳо бошад, пас бояд ба ояндаи ин насл аз имрӯз заминаҳои солим гузошта шаванд. Аз ин бармеояд, ки масъалаи бедории ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандӣ бояд ҳатто дар оила, ки хурдтарин ячейкаи иҷтимоӣ аст, оғоз гардад. Ҳатто дар муҳити оилавӣ бояд муттасилан таъкид гардид, ки ҳар як инсонро зарур аст, қонунҳои давлати худ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаву қарзи шаҳрвандиашро донад. Иштироки фаъолона дар интихобот, ба участкаи интихоботӣ рафтан ва иродаи худро ба ҷонибдории номзади сазовор мустақиман изҳор намудан ва дигар масъалаҳои марбут ба ҷараёни интихобот низ бояд дар доираи оила мавриди баррасӣ қарор гиранд.