ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Пайравон»-и деҳаи Тоҷикистони Ҷамоати деҳоти Ғайрат бо мақсади фаъол гардонидани аҳли ҷомеа дар маъракаи интихобот корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботиро вобаста ба мазмуну моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ба роҳ монданд.
Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки интихобот, яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар идоракунии давлат маҳсуб мешавад. Бо итминон метавон гуфт, ки ҳангоми баргузории ин маъракаи сиёсӣ тамоми сокинони мамлакат ба ҳам омада, якдилона дар таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи он саҳм мегузоранд.
Аз ин рӯ мо интихобкунандагон бояд номзадҳоеро, ки ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пешбарӣ кардааст, интихоб намоем. Зеро онҳо дар ҳақиқат шахсони арзанда, дурандеш, оқилу ғамхор, қонундон, сиёсатмадору сухандон, ватандӯсти ҳақиқӣ, озодандеш, некхоҳ, масъулиятшинос ва пуштибони халқу миллатанд.