ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025 намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Навободи поён»-и Ҷамоати деҳоти Зафар хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Масъулин дар хониши сиёсӣ шарҳи ҳол ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Фархор №34” ва сифатҳои мусбати номзадҳо ба вакилии маҷлисҳои маҳалии вакилони халқро шарҳ доданд.
Ҳамзамон, оид ба баъзе масъалаҳои муҳими Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025-ро таъкид намуданд.