ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Шибанай” вобаста ба таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва номзади он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ баргузор гардид.
Дар оғоз роҳбарияти Кумитаи иҷроия оид ба баррасии муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ андешаронӣ намуда, таъкид кард, ки татбиқи дастуру супоришҳои аз Паёми имсола бароянда, вазифаи ҷонии ҳар яки мо буда, моро месазад то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бештар корҳои созандагиро ба роҳ монем ва ҷашни пурифтихори давлату миллатро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем.