ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Шоҳмот-2» бо иштироки аъзои ташкилоти номбурда, вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур муҳтавои Паёми Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Паёми Пешвои миллат тамоми масъалаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро дар бар гирифта, он як дастурамали омӯзишиест барои ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст. Инчунин, дар ин ҷамъомад таъкид шуд, ки ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, Паёми Пешвои миллатро ҳаматарафа омӯзад ва баҳри амалӣ гаштани он кӯшиш намояд.