БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТИ СУДМАНД АТРОФИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Гулоб” ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Барномаи пешазинтихоботии  ҲХДТ  бо сокинони кӯчаи Свердловскийи шаҳри Норак  вохӯрӣ  доир гардид.

Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ дар баромади худ  иброз доштанд, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ яке аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб сарчашма гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба онҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро муайян менамояд.

ҲХДТ ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун нерӯи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ҳамоҳанг намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ барои ҳалли мушкилоти ҷомеа кӯшиш мекунад.

Дар фарҷом ҷамъомадагон якдилона Барномаи ҳизбро дастгирӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар интихобот фаъолона иштирок карда, ба номзадҳои арзандаи ҲХДТ овоз медиҳанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg