БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМ ДАР РОҲИ СОЗАНДАИ ҲХДТ ҚАДАМ МЕНИҲАНД!

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар ташкилотҳои ибтидоии «Бӯстон» ва «Наврӯз» оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ  масъулин вобаста ба  нуктаҳои муҳими Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баромад намуда, қайд карданд, ки аз дигар масъалаҳои умдае, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ин мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум  аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он  мебошад. Аз ин хотир мо шаҳрвандони ватандӯстро лозим аст, бар зидди ин падидаҳои номатлуби замон дастаҷамъона муборизаи беамон барем.

Дар охир истиқоматкунандагони кӯчаи номбурда  якдилона Барномаи ҳизбро дастгирӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар интихобот фаъолона иштирок карда, ба номзадҳои арзандаи ҲХДТ овоз медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg