БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ СОКИНОН ДАР ИНТИХОБОТ НАҚШИ МУҲИМ ДОРАД

Муъминобод. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Личаки боло”-и ҷамоати деҳоти Н.Назарови ноҳияи Муъминобод бо сокинон мулоқот баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ дар бораи  Паёми Пешвои миллат, ки санаи 26.12.2019 баён гардид, суханронӣ намуда, сокинонро ба  корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намуданд.

Инчунин, дар идома вобаста ба маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ андешаронӣ карда шуда, барои иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсии интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ ва интихоби дурусту оқилона дар раванди интихобот сокинон даъват  гардиданд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg