БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- БАРОИ ЭҲСОСИ ВАТАНДӮСТИВУ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ВА БОЛОРАВИИ САТҲИ МАЪРИФАТНОКИИ ҶОМЕА ХИЗМАТ МЕКУНАД!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 -2025 дар ташкилоти ибтидоии «Гулистон»-и Ҷамоати деҳоти Гулистон вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар рафти суҳбат масъулин иброз доштанд, ки тасмими бознашри шоҳасари бунёдӣ ва дорои арзиши баланди илмӣ, яъне “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он далели таваҷҷуҳи хоса доштани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таҳкими ҳувияти миллӣ, ҳифзи хотираи таърихии миллат, густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеа мебошад. Дар идома қайд гардид, ки ҲХДТ дар ҷомеаи демократии кишвар бо татбиқи мақсадҳои худ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, инчунин ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободии мамлакат ҳидоят намудани мардум саҳми муносиб дорад. Ин аз он далолат мекунад, ки мақсаду мароми ҳизб ифодакунандаи мақсаду мароми мардум буда, баҳри манфиатҳои халқ пайваста кӯшиш менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg