КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии "Ёрирасон" мулоқот доир гардид.
Дар ибтидо масъулин иброз доштанд, ки Паёми Пешвои миллат воқеан, барномаи корие барои рушди бемайлони кишвари азизамон буда, аз як тараф, натиҷаҳои бадастомадаи як соли гузаштаро ба баррасӣ кашида, аз тарафи дигар барномаву ҳадафҳои заруриро барои як соли дигар ба миён мегузорад. Гузашта аз ин, Пешвои миллат дар Паёмҳои худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, пешрафту инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, маориф, фарҳанг ва дигар ҷанбаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд.
Дар охири мулоқот аз иштирокчиён оид ба раванди баргузории интихоботи дарпешистода ва иштироки фаъолонаи онҳо дар маъракаи муҳими сиёсӣ даъват ба амал оварда шуд.