БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - РОҲНАМО БА ФАРДОИ ДУРАХШОН

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "Беморхонаи Хатлон" вобаста ба расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва котиби ташкилоти ибтидоии мазкур  иштирок ва суханронӣ намуда,  иброз доштанд, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро дар бар гирифта, ҳамин аст, ки баъд аз ҳар Паём давраи нави пешрафту шукуфоии кишвар ба амал меояд. Аз Паём то Паём ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳимми кишвар ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, ҳамзамон, барои беҳтару хубтар намудани сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии мардум корҳои зиёде ба анҷом расонида мешаванд. Ба таъбири дигар, Паём ҳамчун муҳаррике мебошад, ки ҳамасола суръати чархиши механизми давлату давлатдориро меафзояд ва барои амалӣ гаштани ормонҳои чандинасраи миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg