БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР МАҲАЛ РИВОҶУ РАВНАҚ МЕЁБАНД

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маркази дӯзандагии «Гулдастон» бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон ва дигар шахсони даъватӣ миёни занону духтарони ҳунарманд суҳбату вохӯрӣ атрофи муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи  пешазинтихоботии ҲХДТ, аз ҷумла эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Зимни баромади хеш роҳбарияти  Кумитаи иҷроия зикр кард, ки эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои мардуми  мо дар эҳё ва рушду нумӯи ҳунарҳои мардумию аҷдодӣ таккони ҷиддие бахшид. Дар ноҳияи Балҷувон бо дастгирии Пешвои миллат як маркази наву замонавӣ соли 2019  сохтаву мавриди истифода қарор дода шуд, ки имрӯз зиёда аз 16 нафар занону духтарони ҳунарманд бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Балҷувон, ки яке аз ноҳияҳои қадима  ва сайёҳии вилоят   ба шумор рафта, ҳар як зани ҳунармандро лозим аст, ки бо дарки баланди сиёсию фарҳангӣ дар рушду нумӯи ҳунарҳои мардумӣ нақши беназир гузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg