БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ дар ростои "Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ" бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар якҷоягӣ бо гурӯҳи таблиғотӣ бо интихобкунандагон пайваста суҳбату вохӯриҳои судманд доир гардида истодааст.
Вохӯрии навбатӣ дар деҳаи Чилатоши ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев сурат гирифта, дар он намояндагони ҳизбӣ оид ба муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ибрози андеша карда, қайд намуданд, ки Паёми имсола барои сокинони кишвар роҳнамои ояндаи босаодат аст.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки ҳар як интихобкунандаро лозим аст, ки аз моҳияти маъракаҳои муҳими сиёсӣ бохабар бошад ва дар интихоботи дарпешистода иштироки фаъолона намуда, ҳиссаи арзандаи худро гузорад.
ҲХДТ пайваста кӯшиш менамояд, ки барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум заминаҳои мусоидро фароҳам оварад.