БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ БАРНОМАИ АМАЛ АСТ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва Паёми навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии «Навобод»-и  Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки кормандони масъули хизбӣ вохӯрии  судманд  баргузор гардид.

Ҳамзамон дар маҷлис аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ оид ба самтҳои муҳими Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар давраи солҳои 2020-2025, Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар, эълон гардидани соли 2020 барои сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” интихоби дурусти номзади арзанда дар раванди маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ суханронӣ карда шуда, ҳозирин барои интихоби ояндаи дурахшони фарзандони хеш ва шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳидоят гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg