АНДЕША. Айни ҳол мо мардуми сарбаланду шарафманди тоҷик дар марҳалае қарор дорем, ки бо ифтихор ва руҳияи ватандӯстона ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ омодагӣ гирифта истодаем.
Имрӯз дар кишвари мо шароите фароҳам омадааст, ки ҳар як шаҳрванди ин сарзамин метавонад дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ мавқеи худро озодона муайян намояд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 25-сол муқаддам бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат таъсис ёфт ва пеш аз ҳама дар даст ёфтан ба сулҳу ваҳдати сартосарӣ дар мамлакат ва иттиҳоду сарҷамъии миллат нақши ҳалкунанда бозид.
Ин ҳизб, ки дар миёни халқ ҳамчун ҳизби созандаву бунёдкор маъруф аст, фаъолияти чорякасраи худро паси сар намудаву, бовариву эътимоди қисми аъзами аҳолиро ба даст овардааст. Соле, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт, дар Тоҷикистон ҳанӯз ҷангу ҷидолҳои дохилӣ идома доштанд. Воқеан, он солҳо қуввае лозим буд, ки мардумро барои иттиҳоду сарҷамъии миллат ва якпорчагии давлат муттаҳид сохта, оқибатҳои ҷанги хонумонсӯзро бартараф ва иқтисодиёти фалаҷгаштаро ба эътидол дарорад. Аз як тараф таъсири гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз дохилу хориҷи кишвар ниҳоят калон ва аз ҷониби дигар бисёрҳизбӣ дар кишвар барои мардум ҳазӯз падидаи ноошно буд. Таъсис додани ҳизб ва бовариву эътимоди мардумро ба даст овардан дар он солҳо кори саҳлу осон набуд, вале мардум чун огоҳ мешуданд, ки роҳбарии ин ҳизбро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда доранд, хоҳишманди аъзои он будан мешуданд.
Оре, мардум ҷасорату мардонагӣ, сар нафаровардан пеши ҳеҷ қувваю гурӯҳ ва талошу заҳматҳои камназирашро дар пойдории сулҳу салоҳ дар мамлакат ва сарҷамъии миллати парешонгашта дида, ӯро аллакай ҳамчун пешвову раҳнамо қабул намуда буданд. Ҳадафу мақсадҳое, ки ҲХДТ бо сарвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назди худ гузоштаву амалӣ менамуд, хостаҳои дили кули мардуми кишварро ифода мекарданд. Даст ёфтан ба сулҳу субот, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини барномаи озуқаворӣ дар кишвар аз ҳадафҳои олии ҲХДТ мебошанд, ки давра ба давра ҳаллу фасл ёфта, маҳбубияти ҳизбро дар байни мардум ҳамчун ифодакунандаи ормонҳои чандинсолаи халқи тоҷик бештар мегардонид. Имрӯз халқи тоҷик аз он миллати паҳну парешон ва Тоҷикистон аз он давлати ҷангзадаву кулфатдида ба куллӣ фарқ мекунад.
Бо гузашти 25-соли мавҷудияти ҳизб амиқан дарк менамоем, ки ҳизб аз иҷрои вазифаи муҳиму таърихии хеш, яъне ба даст овардани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати саросарӣ дар кишварамон сарбаландона баромад ва маҳз бо шарофати ҳамин неъмати бебаҳо Тоҷикистон бомаром рушд карда истодаву бо ҳидояту раҳнамоиҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайгирона дар роҳи бунёдкориву ободонӣ қадам ниҳода истодааст.
Ман хушбахт аз онам, ки аъзои ин ҳизби бонуфуз ҳастам ва амалисозии ҳадафҳои он саҳмгузорам. Воқеан Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби халқ ва барои халқ аст!
Назарзода Ёрмаҳмад, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант.