БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

«ЗАБОН ОИНАЕСТ, КИ ДАР ОН СИМОИ ПУРҶИЛОИ МИЛЛАТ РАВШАН ИНЪИКОС МЕШАВАД!»

АНДЕША. Дар паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олӣ, ки 26-уми декабри соли 2019 ироа  гардид, соли сипаришуда дар  таърихи навини кишвар бо дастоварду  пешравиҳои ноилшудаи халқамон  ба сифати  боз як соли бобарору хотирмон сабт мегардад. Ҳар як Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли зиёии мамлакат, аз ҷумла мо омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф ва илм бе саброна интизорӣ мешавем.  Зеро он дар таърихи давлатамон саҳифаи навро во намуда, мардуми кишварро бо созандагию бунёдкорӣ раҳнамун  месозад.

Дар Паёми имсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва рушти фарҳангу маърифати ҷомеа диққати ҷиддӣ дода шуда, ҳамчун омили муҳими тақвияти худшиносӣ, ватандӯстӣ ва маърифатнокии насли наврас маънидод карда мешавад.

Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём қайд намуданд «забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан  инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва  дар  баробари ин, ба омӯзиши забонҳои  русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмиллалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем».

Албата,   забондонӣ ин ифодакунандаи маърифатнокии ҳар фард аст. Гузаштагони миллатамон ба нафосати сухан аҳамияти зарурӣ  медонанд. Аммо мутаасифона, муносибати мо аҳли мактаб ва насли навраси имрӯз нисбати баъзе нуқтаҳои забон, хусусан гуфтор ва риояи одоби муошират нокифоя аст. Мо бояд  аҳли кормандони соҳаи маориф кӯшиш ба он диҳем, ки ба ҳамагон бо  тариқи риояи забони адаби муомила карданро омӯзонем ва одоби муоширати расмии гуфтугӯиро бо насли наврас дар оила, боғча ва мактаб ҷиддӣ ба роҳ монем. Ҳамзамон дар баробари омузиши забони тоҷикӣ ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ диққати махсус диҳем.

 Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3- уми июли соли 2014 №427 «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 қабул шудааст. Аз рӯйи ин Барномаи мазкур тамоми омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро хуб ба роҳ монда истодаанд. Тавасути аз худ кардани забонҳои русӣ ва англисӣ инсон ба фарҳангии миллии дигарон ошно мегардад, аз ҷаҳони маънавие, ки дар он миллат нуҳуфтааст, дунёи ботиниашро ғанӣ мегардонад.

Ман ҳамчун омӯзгори фанни забони англисӣ ҳадафҳои пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти кориам намуда, кӯшиш ба ҳарҷ медиҳам, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми худро гузорам, зеро соҳаи илму маориф ҳамчун омили таҳкимбахши пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди дунявӣ афзалияти аввалиндараҷа дорад.

 

Яқубова Аниса, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg