БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ГУРӮҲҲОИ МАНФИАТҶӮ БОВАР НАКУНЕД!

АНДЕША. Ҳарчанд ба ватани мо бо ҳар роҳу восита ворид гардидани гурӯҳу ташкилотҳои тундгарову манфиатхоҳ падидаи нав нест, вале боиси таассуф аст, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо ҳанӯзҳам ҳастанд нафароне, ки ба афкори онҳо пайравӣ мекунанд ва амнияти давлату миллатро зери хатар мегузоранд.

Рӯзҳои охир дар бораи аз ҷониби мақомоти қудратӣ боздошт ва ба ҳамкорӣ бо ташкилоти террористию экстремистии «Ихвон-ул-муслимин» (Бародарони мусулмон) муттаҳам шудани як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистонро дар матбуоти даврӣ ва сомонаҳо хонда, ҳамчун як модар шукрона ба ҷо овардам, ки давлати мо побарҷост ва қудрату тавоноии бартараф кардани чунин амалҳои хиёнаткоронаро дорад.

Чуноне ки аз сарчашмаҳо бармеояд ин ташкилот аввалҳои асри гузашта аз ҷониби омӯзгор Ҳасан-Ал-Банна дар Мирс таъсис ёфта, ғояҳои салафиро пайгирӣ мекард. Соли 1954 баъди ба нокоми анҷомидани қасди куштори президенти ин кишвар Гамал Абдул Носир аз ҷониби аъзоёни «Ихвон-ул-муслимин» фаъолияти ташкилот ғайриқонунӣ эълон гардид, вале катъ нагашт. Баръакс, аъзоёни он дар тамоми маъракаҳои интихоботӣ номзадии худро ба тариқи худпешбарӣ ё аз ҳизбҳои дигар мемонданд ва як маротиба, соли 2012 ба яке аз аъзоёни фаъоли гурӯҳ Муҳаммад Мурсӣ муяссар гашт, ки дар курсии президенти ин кишвар нишинад. Вале ҳамагӣ баъди як сол ӯ бо гуноҳи ҳамла ба участкаҳои полису қисмҳои низомӣ, дуздии кормандони полис, аскарону афсарон, қатлу куштори бераҳмонаи онҳо, оташ задани зиндон ва ба ин васила рӯйпӯш кардани ҷиноятҳои содиркардааш аз тарафи мақомоти қудратии ин мамлакат дастгир шуд.

Баъди ин дар пойтахти ин кишвар шаҳри Қоҳира тарафдорону муқобилони Мурсӣ дар ду майдон ҷамъ омаданд, ки дар натиҷа бетартибиҳои оммавӣ сар заданд. Дар пайи онҳо аз ҷумла серковҳои христианӣ сӯзонда шуда, участкаҳои полис мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Бетартибиҳо танҳо баъди дастгир шудани роҳбари ин ташкилот Муҳаммад Бадӣ ба эътидол омаданд ва аз ҳамон замон ин ташкилот экстремистию тероррористӣ эълон гардид.

Солҳои 70-уми асри гузашта дар Сурия аъзои ин гурӯҳ ба қатлу куштори зиёиён, шахсиятҳои шинохтаи кишвар ва дар Эрон ҳатто шайхи суннимазҳабро ба қатл расонида, масҷидҳоро метарконданд (баъзеи онҳо таърихи чандҳазорсола дошта, иншооти фарҳангӣ ҳисоб мешуданд) ва дар байни мардум ҳисси бадбиниро нисбати якдигар мекоштанд. Чунин ҷиноятҳо аз ҷониби аъзои ин гурӯҳ дар давлатҳои Либия, Тунис ва Яман низ ба қайд гирифта шудаанд. Ин таърихи кутоҳ аз пайраҳаи хунини тайкардаи ин ҳаракати дар ҳақиқат экстремистию террористист, ки бори дигар моро ҳушдор аз он месозад, ки мақсаду мароми он танҳо ғасби ҳукумат бо роҳи зӯроварӣ ва ташкил кардани хилофат дар кишварҳои мусулмоннишин мебошад.

Ҳушдор аст, хоса бар мо, ки таъми талхи вуруди ин гуна ҳизбу ҳаракоти дурӯғинро як маротиба чашидаему захмаш то ба ҳанӯз дар қалбҳоямон боқист. Аз ин рӯ ман ба тамоми мардуми кишвар, бахусус ҷавонон рӯ оварда мегӯям, ки ҳеҷ гоҳ фирефтаи суханҳои бофтаю сохтаи ин гурӯҳ нагарданд. Беҳтарин неъмат барои ҳар инсон ин доштани ватани озоду соҳибистиқлол ва зиндагии шоиста аст, ки имрӯз мо пайгирона бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ қадам ниҳода истодаем.

Ба андешаи ин ҷониб дар пешорӯйи маъракаҳои муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ фаъолтар шудани чунин гурӯҳу гурӯҳчаҳо тасодуфӣ набуда, балки нақшаест, ки онро шахсони манфиатҷӯ ҳадафмандона амалӣ кардан мехоҳанд. Ба вуҷуд овардани нобоварии мардум ва ба ин васила коштани тухми кинаву адоват нисбат ба як гурӯҳи одамон, чуноне ки дар боло зикр карда будем. Дар чунин шароит вазифаи ҳар шахси ватандӯст пеш аз ҳама солим нигоҳ доштани афкори ҷомеа ва фазои сиёсӣ дар мамлакат мебошад. Аз ин рӯ ҳама якҷоя бояд талош баҳри шаффофу одилона сурат гирифтани интихобот дошта бошем ва нагузорем, то нохалафе фазои орому осоиштаи ватани моро халалдор кунад.

 

Нуринисо Ибодуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg