БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ҲАСТЕМ!

АНДЕША. Ба ҳамагон маълум аст, ки аксари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол ба шумор мераванд.

Маҳз ҷавонон ва наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ аз тарафи мубалиғони хориҷӣ гаравидашуда истодаанд, ки моро ба ташвиш овардааст. Ҷавоне, ки аз гумроҳии худ ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил мешавад, намедонад ки на танҳо ба мақсади худ намерасад, балки ба падару модар, зану фарзанд ва наздикони худ ғаму ғурбат ва мушкилиҳои зиёдеро ба бор меорад.

          Имрӯз бояд ҳар як фарди ватандор қарзи фарзандии худро дуруст дарк намуда, бо терроризму экстремизм мубориза барад, чунки ин танҳо кори мақомот ва сохторҳои қудратӣ намебошад. Боиси ташвиш аст, ки то ба имрӯз аз ҳисоби ҷавонон ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар чунин ҳизбу ҳаракатҳо гумроҳгаштагони тоҷикон низ ҳастанд. Аз ин хотир аз он шахсиятҳо даъват ба амал меорам, ки аз роҳии интихобкардаи худ даст кашед, ба Ватан, ба назди хешу табор ва наздиконатон баргардед!

             

Шомалангова Миҷгона, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони холқи ноҳияи Кӯшониён аз ҳавзаи интихоботии Ориён №18–и ноҳияи Кӯшониён.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg