БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ҲАРВАҚТА ДИДА БЕШТАР БАҲРИ ОБОДИИ ВАТАН БОЯД МЕҲНАТ КУНЕМ!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар асоси ҷадвали тасдиқкардаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён оиди шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва гурӯҳҳои тарғиботӣ дар Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол бо сокинони деҳаи Янгиюл ва аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Сарват” ва “Саховат” вохӯрӣ баргузор намуданд. Инчунин, дар вохӯрӣ хонандагони синфҳои 11-уми  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳия  низ иштирок доштанд.

Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизб қайд карданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26.12.2019 ироа гардид, тамоми мавзӯъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида моро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида бештар бояд баҳри ободии сарзамини аҷдодиамон заҳмату меҳнат кунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg