КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Идораи давлатии беҳдошти замин ва обиёрии ноҳияи Кӯшониён” вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ масъулин даъват ба амал оварданд, ки дар ин маъракаи муҳим иштирок ва ташвиқи босамари ҳар як узви ҲХДТ зарур аст. Бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, дар пешрафти кишварамон саҳмгузор бошем.
Чунин мулоқот бо мақсади шарҳи Паём ва фаҳмонидани моҳияти иштироки фаъолона дар интихоботи дарпешистода бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ идома дорад.