
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барои шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 бо иштироки аъзои Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии “Баракат”-и Ҷамоати деҳоти Навбаҳор бо интихобкунандагон вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар мулоқот масъулон атрофи масъалаҳои болозикр баромад карда, ҳозиринро барои иштироки фаъолона дар ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ даъват намуданд.