КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, муаррифии Барномаи пешзаинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои он дар ташкилоти ибтидоии “Бахши меъморӣ” – и ноҳия мулоқот баргузор намуд.
“Дар бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти гуногун бояд санъати меъморӣ риоя гардида, барои боз ҳам беҳтару зебо гардидани симои шаҳру деҳот кӯшиш ба харҷ дода шавад”, – ин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон қайд карданд, иброз доштанд масъулини ҳизб.
Таъкид доштанд, ки созандагиву бунёдкорӣ ва тақвият бахшидан ба корҳои ободонӣ ин навбат низ аз мавзӯъҳои муҳими Паём буд.
Дар идома зикр шуд, ки мо сокинон дар остонаи маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорем ва моро зарур аст бо шинохти манфиатҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои воло ва дӯст доштани Ватан дар интихоботи дарпешистода иштирок карда, вакилони арзандаро интихоб намоем.