КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кишоварзӣ” вохӯрӣ баргузор карданд.
Паёми навбатӣ чун Паёмҳои қаблӣ барои мо кормандони ҳизбӣ ва аъзову ҷонибдорони ҳизб дастуру раҳнамои фаъолият аст. Паёми навбатии Пешвои миллат чун Паёмҳои пешин аз таҳлилу хулосабарориҳо, дастурҳои навину вазифагузориҳои оянда саршор буда, моро ба амалҳои созандаи навин ҳидоят мекунад, – иброз доштани масъулини ҳизб.
Ҳамзамон дар мулоқот масъулин перомуни самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ суханронӣ намуда, ҳадафҳои ҲХДТ-ро, ки ба таъмини зиндагии шоистаи мардум роҳандозӣ шудааст, шарҳ доданд.