БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ ДАР АМАЛ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат, инчунин таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва номзади ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ дар Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён вохӯрии гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо сокинони деҳаҳои Бофанда, Навкор, С. Фатоев ва аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Навкор”, “Хокшиносӣ”, “Хоҷагии деҳқонии Шамолиддин” – и ноҳия баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин, таъкид гардид, ки мо дар остонаи маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорем ва моро зарур аст бо шинохти манфиатҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои воло ва дӯст доштани Ватан дар интихоботи дарпешистода иштирок карда, вакилони арзандаро интихоб намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg