КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони КИ ҲХДТ ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо сокинони деҳаҳои Меҳнатобод, Зарнисор, Ваҳдатобод, инчунин бо аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Бобо Мақсуд”, “Меҳвар” ва “Кишоварз” вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Масъулин дар вохӯрӣ назди ҷамъомадагон баромад намуда аз ҷумла қайд доштанд, ки Паёми навбатӣ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро дар бар гирифта, дастурамале дар зиндагии ҳар кадоми мо хоҳад буд.
Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки интихобот аз шартҳои асосии сохти демократӣ ва муаррификунандаи нуфузи давлат ҳамчун ҷомеаи демократӣ буда, аз мардум иштироки фаъолонаро тақозо мекунад.
Дар идомаи вохӯрӣ гуфта шуд, ки рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ҲХДТ рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.